БОЗДОШТИ ҚОҶОҚЧӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Октябрь 9, 2009 11:55

                 Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дирӯз дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд С.А. боздошт гардид. Ҳангоми тафтиши шахсии шаҳрванд С.А. аз бадани ӯ 62 халтача бо 400 грамм маводи нашъадори героин бозёфт карда шуд. Номбурда мехост бо хатсайри Душанбе – Самара парвоз карда маводи нашъадори навъи героинро ба Федератсияи Русия интиқол диҳад. Вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода шуда тафтишот идома дорад. Қабл аз ин, С.А. барои даст доштанаш дар гардиши маводи мухаддир дар Федератсияи Русия боздошт шуда ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 9, 2009 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад