ДАР ДАВРАИ ҲИСОБОТӢ НАҚШАИ АНДОЗ ИҶРО ШУД
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – «Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 62,2 миллион сомони кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо бо ҷаримаву фоизҳояш ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб дар рафти корҳои назорати 10,2 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст», гуфт имрӯз 20 октябр дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов. Нусратулло Давлатов афзуд, ки дар ин давра нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,3 % таъмин гардида ба ҷойи 153 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 1603,5 миллион сомонӣ ворид карда шудааст. Нақшаи андози иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 100,1 иҷро гардида, ба ҷойи 343,5 миллион сомонии пешбинишуда 344 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки он аз нақша 0,5 миллион сомонӣ бештар мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 97,2 миллион сомонӣ зиёд аст, иттилоъ дод Н.Давлатов. Ҳамзамон раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ қайд кард ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи чор намуди андозҳо, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони қаъри замин 88%, роялти барои об, андози ягона 96,4%, боҷи давлатӣ 91,5% таъмин гардид ва аз ин ҳисоб ба буҷет 18,6 миллион сомонӣ кам ворид шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






