ДАР ДАВРАИ ҲИСОБОТӢ НАҚШАИ АНДОЗ ИҶРО ШУД

Октябрь 20, 2009 15:46

                 Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – «Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 62,2 миллион сомони кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо бо ҷаримаву фоизҳояш ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб дар рафти корҳои назорати 10,2 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст», гуфт имрӯз 20 октябр дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов.                   Нусратулло Давлатов афзуд, ки дар ин давра нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,3 % таъмин гардида ба ҷойи 153 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 1603,5 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.                 Нақшаи андози иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 100,1 иҷро гардида, ба ҷойи 343,5 миллион сомонии пешбинишуда 344 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки он аз нақша 0,5 миллион сомонӣ бештар мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 97,2 миллион сомонӣ зиёд аст, иттилоъ дод Н.Давлатов.                    Ҳамзамон раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ қайд кард ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи чор намуди андозҳо, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони қаъри замин 88%, роялти барои об, андози ягона 96,4%, боҷи давлатӣ 91,5% таъмин гардид ва аз ин ҳисоб ба буҷет 18,6 миллион сомонӣ кам ворид шуд.    

Октябрь 20, 2009 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид