ДАР ДУШАНБЕ МАСЪАЛАҲОИ АМНИЯТИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ БАРРАСӢ ШУД

Октябрь 30, 2009 14:42

                 Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 30 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе Семинарии миллӣ оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амнияти иншоотҳои гидротехникӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Иқтисоди Аврупоии СММ доир гардид.                   Иштирокдорон ва баромадкунандагони семинар қайд намуданд, ки амнияти иншоотҳои гидротехникӣ қисми таркибии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳифз ва нигоҳдории онҳо масъалаи мубрами рўз мебошад.                   Коршиносони ҷумҳурӣ зарурати пурқувват кардани пояҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқии амнияти иншоотҳои гидротехникиро дар ҷумҳурӣ қайд намуда, иброз доштанд, ки имконияти таъсиси сохтори дахлдори миллӣ оид ба ин масъала ва қонунгузории дахлдорро зарур шумориданд. Масъалаи мазкур аз он сабаб муҳим мебошад, ки сарбандҳои калонтарини минтақаи Осиёи Марказӣ ва иншоотҳои нодири гидротехникӣ дар ҷумҳурии мо ҷойгир мебошанд. Қайд карда шуд, ки ҷумҳурии мо дар пешбурд ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бояд пешоҳанг бошад ва тамоми масоили ин ҷанбаъ бояд пеш аз ҳама ба манфиати ҷумҳурӣ ва мардуми он ҳаллу фасл гардад.                  Дар ҷаласа лоиҳаи Созишномаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба амнияти иншоотҳои гидротехникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Коршиносони ватанӣ қайд карданд, ки созишномаи мазкур таҳрирталаб буда, дар он манфиати ҳамаи ҷонибҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Дар сохтмони иншоотҳои бузурги гидротехникӣ, аз ҷумла сарбандҳои обӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои амният ва устувории онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва гувоҳи ин якчанд рўз пеш аз ҷониби Комиссияи Байналмилаллии Сарбандҳои Бузург ба Сарбанди ГЭС-и Норак додани серфтикати махсуси амният ва устуворӣ мебошад.                    Дар муносибатҳои байналмилалӣ оид ба иншоотҳои гидротехникӣ ва сарбандҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори истифодаи онҳо пеш аз ҳама ба манфиати ҷумҳурӣ ва бо назардошти нарасонидани зарар ба давлатҳои ҳамсоя мебошад.                    Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои бамиёномада буда, муоширотро асоси таҳкими чунин муносибатҳо мешуморад. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ ҳангоми баргузории Форуми Ҷаҳонии Об дар ш. Истамбул пешниҳод намуда буданд, ки соли 2012 Соли Байналмилалии Дипломатияи Об эълон карда шавад. Қабули чунин изҳорот имкон медиҳад ва тамоми мамолики дунёро водор месозад, ки роҳҳои нави танзими муносибатҳои обиро байни давлатҳои ҳамсарҳад бо назардошти манфиати якдигар дарёфт намоянд.                   Дар кори семинар намояндагон ва коршиносони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ – мелиоратсия ва захираҳои об, корҳои хориҷӣ, энергетика ва саноат, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Академияи илмҳо, «Барқи тоҷик», НОБ –ҳои Роғун ва Норак, Барномаи Рушди СММ, Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи Иҷроияи Фонди Байналимилалии Наҷоти Арал, Маркази Минтақавии Экологӣ дар Осиёи Марказӣ ва васоити ахбори омма ширкат намуданд.                   Оиди масъалаҳои мазкур тависяҳои дахлдори семинар қабул карда шуд.

Октябрь 30, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт