ДАР ДУШАНБЕ ВА ХУ&#1206АНД &#1206ИНОЯТКОРОНИ &#1170ОРАТГАРИ НУ&#1178ТА&#1202ОИ АСЪОР АМАЛ МЕКУНАНД

Октябрь 6, 2009 10:48

                 Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохила Маҳмадулло Асадуллоев, шахсияти қотили корманди нуқтаи мубодилаи асъори воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ рухдода аниқ карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки 23 – юми сентябри соли ҷорӣ корманди нуқтаи мубодилаи асъор рӯзона ҳангоми иҷрои вазифааш аз ҷониби ҷинояткори барои тафтишот маълумшуда ба қатл расонида шуда буд.                   Ҷинояти содиршуда дар асоси хусуматҳои шахсӣ ба амал омадааст. Пули дар хазинабударо ҷинояткор бо худ набурдааст.  Дар ибтидои тобистони соли ҷорӣ боз ду ҷиноят бо куштору ғорати нуқтаҳои асъор дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда буд. Чуноне, ки имрӯз сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохила иттилоъ дод аз рӯи ҷиноятҳои содиршуда се нафар гумонбар дастгир гардидааст ва тафтишот давом дорад. Дар сурати ошкор шудани ҷиноятҳо иловатан маълумот пахш карда мешавад.                 — Ҳоло ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки бо содир кардани ин ҷиноятҳои мудҳиш беш аз 1 миллион сомонӣ аз нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба ғорат бурда шудааст,- иброз доштанд аз маркази матбуоти вазорат.

Октябрь 6, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд