ДАР МАКТАБИ МИЁНАИ №8 СӮХТОР БА АМАЛ ОМАД

Октябрь 27, 2009 11:18

                 Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда 26 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии 62 ҳазору 745 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Масоҳати умумии сӯхторҳо 1 730 метри мураббаъ мебошад.                 Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, чунин ҳодисаи сӯхтор рӯзи 17 октябр дар анбори мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 8 ноҳияи Рушон ВМКБ, ки сарварии онро Азимшо Егибеков ба ӯҳда дорад, ба амал омад. Алангаи оташ дар масоҳати 18 метри мураббаъ анборро бо захираи 2 тонна ангиштсанг сӯхта нобуд кард. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ — оташнишонӣ паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда, он хомӯш карда шуд. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешаванд.                  Инчунин шаби 20 октябр дар таълимгоҳи компютерии ҶДММ «Азамат Ко», ки дар шаҳри Хуҷанд мебошад, сӯхтор ба амал омад. Ҳангоми сӯхтор дар масоҳати 2 метри мураббаъ кондисионер ва тирезаҳои таълимгоҳи мазкур корношоям гардиданд. Сабаби сӯхтор бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқӣ аз тарафи муаллими таълимгоҳ Азамат Аъзамов мебошад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарари тахминӣ 500 сомонӣ мебошад.  

Октябрь 27, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад