ДАР МАКТАБИ МИЁНАИ №8 СӮХТОР БА АМАЛ ОМАД
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда 26 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии 62 ҳазору 745 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Масоҳати умумии сӯхторҳо 1 730 метри мураббаъ мебошад. Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, чунин ҳодисаи сӯхтор рӯзи 17 октябр дар анбори мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 8 ноҳияи Рушон ВМКБ, ки сарварии онро Азимшо Егибеков ба ӯҳда дорад, ба амал омад. Алангаи оташ дар масоҳати 18 метри мураббаъ анборро бо захираи 2 тонна ангиштсанг сӯхта нобуд кард. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ — оташнишонӣ паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда, он хомӯш карда шуд. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешаванд. Инчунин шаби 20 октябр дар таълимгоҳи компютерии ҶДММ «Азамат Ко», ки дар шаҳри Хуҷанд мебошад, сӯхтор ба амал омад. Ҳангоми сӯхтор дар масоҳати 2 метри мураббаъ кондисионер ва тирезаҳои таълимгоҳи мазкур корношоям гардиданд. Сабаби сӯхтор бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқӣ аз тарафи муаллими таълимгоҳ Азамат Аъзамов мебошад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарари тахминӣ 500 сомонӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






