ДАРХОСТИ МУДИРИ МАОРИФ ДАСТГИРӢ ЁФТ

Октябрь 19, 2009 09:33

                Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус иттилоъ доданд, ки соли 2009 барои ҷалби мутахассисони ҷавон ба мактабҳо, ба онҳо тибқи имтиёзҳои муайяннамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сохтмони манзил, замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.                Бо дастгирии раиси ноҳия Холмурод Раҳмонов, ба 12 нафар мутахассиси ҷавон замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шудааст.                 Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, соли хониши 2009 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 25 ҳазору 384 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 1158 нафар муаллимон дарс мегӯянд.                 Ба мушкилоти таъмини замини наздиҳавлигӣ нигоҳ накарда, раиси ноҳия боз 12 нафар омӯзгори ҷавонро то охири соли ҷорӣ ба замини наздиҳавлигӣ таъмин менамояд,- иттилоъ доданд аз шӯъбаи маорифи ноҳия.

Октябрь 19, 2009 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд