ДАРОМАДИ БУҶЕТИ ДАВЛАТ ДАР НӮҲМОҲА ЗИЁД ШУД
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар нӯҳ моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ 2 миллиарду 955 миллион маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 431 миллион сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов 23 октябри соли равон. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки даромад аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба андозаи 103,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет зиёда аз як миллиарду 607 миллион сомони маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 54 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 292 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Даромади буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 миллион сомонӣ зиёд буда, иҷроиши он 100,7 фоизи нақша иҷро шуд. Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми буҷети давлатӣ 3 миллиарду 847 миллион сомониро ташкил дод ва ба он аз ҳисоби маблағҳои махсус 175 миллион сомонӣ, аз ҳисоби грантҳо 142 миллион сомонӣ, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 204 миллион сомонӣ ва қарзи давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт 371 миллион сомонӣ ҷалб гардид. С. Наҷмуддинов, ҳамчунин оид ба чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва натиҷаҳои он сухан кард. Аз ҷумла, зикр кард, ки новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ оид ба паст намудани шиддатнокии бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, таъсири он ба фаъолияти иқтисодии берунӣ бо сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти воридотӣ ва содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ, кам гардидани интиқоли маблағҳо аз хориҷӣ кишвар, паст гардидани ҳаҷми воридоти мол ҳоло ҳам назаррас мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи як миллиард доллари амрикоӣ кам гардид.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






