ДАРСҲОИ МАҲОРАТИ АКТЁРӢ АЗ ОМӮЗГОРОНИ ЧЕЛЯБИНСК

Октябрь 15, 2009 11:12

                 Душанбе, 15 октября. (НИАТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 16 то 22 октябри соли равон барои актёрони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский, хонандагони студияи дар назди театри мазкур ва донишҷӯёни факултаи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, оид ба маҳорати актёрӣ машғулиятҳои дарсӣ баргузор мегарданд.                  Тавре ба АМИТ «Ховар», аз Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадади Тоҷикистон хабар доданд, омӯзгорони Академияи санъати театрии Челябинск, машғулиятҳоро аз рӯи 4 фанни таълимӣ баргузор менамоянд, ки аз инҳо иборат мебошанд: маҳорати актерӣ, нутқ дар саҳна, ҳаракатҳо дар саҳна ва инчунин дарси намунавӣ дар мавзӯи «омӯзиши роҳҳои таъсирбахш кардани нақши актерон, донишҷӯён ва шогирдони студия». Шумораи умумии иштирокчиён аз 45 нафар иборат мебошад.                    Омӯзгорони даъватшуда, кормандони асосии театр студияи «Новая Драма»-ро ташкил медиҳанд, ки дар назди Академияи санъати театрии Челябинск фаъолият мекунанд. Инчунин, берун аз лоиҳа ба маърази тамошобинони пойтахт аз ҷониби театр-студияи «Новая Драма» намоиши асарҳои «Бабы», «Количество» ва «Крик»- дар назар аст.Чорабинии мазкур бо дастгирии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»-и шаҳри Будапешт, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иттифоқи театрӣ» баргузор мегардад. 

Октябрь 15, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд