ДЕҲАҲОИ НОҲИЯИ РАШТ ТАҒЙИРИ НОМ МЕКУНАНД

Октябрь 5, 2009 11:45

                Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт номи 35 деҳаи ноҳияи Рашт тағийр дода мешавад.                 Дар ин бора Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 21-уми худ қарор қабул кард. Зарурат аз тағйир додани номи деҳаҳои ноҳияи Рашт эҳё намудани номҳои таърихии маҳал буда, инчунин он ба баланд бардоштани худшиносии миллии мардум мусоидат менамояд.   

Октябрь 5, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш