ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИИ «ОРИЁНБОНК» ТАҲТИ САНҶИШ ҚАРОР МЕГИРАД
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дирӯз дар қароргоҳи марказии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» озмун барои дарёфти ташкилотҳои санҷишӣ ҷамъбаст гардид. Мақсад аз баргузории озмун интихоби созмонҳои байналмилалии санҷишӣ барои анҷом додани тафтиши ҳатмии фаъолияти молиявии «Ориёнбонк» дар соли 2009 буд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» иттилоъ доданд, бо қарори комиссияи махсус ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Азиан Бизнес Груп» ва ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии «БДО Юником» ғолиби озмун дониста шуданд. Ёдовар мешавем, ки «Азиан Бизнес Груп» дар бозори ҷаҳонии хизматрасонии ҳуқуқӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии «БДО Юником» аъзои комилҳуқуқи созмони байналмилалии санҷишии BDO International ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






