ГУНАҲГОРОН ДАР КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШАСТАНД

Октябрь 1, 2009 10:18

                  Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гунаҳгорони садамаи нерӯгоҳи Қайроққум ба курсии айбдорӣ шинонда шуданд.                   Боис ба ёдоварист, ки 13 – 14 уми январи соли 2009 дар истгоҳи барқи обии Қайроққум садама рух дод, ки дар натиҷа 30 фоизи аҳолии вилояти Суғд дар зимистони қаҳратун бе рӯшноӣ ва гармӣ монд.                    Акнун суди вилояти Суғд парвандаи ҷиноии собиқ директори нерӯгоҳ Сироҷ Пулотов, сармуҳандис Сӯҳроб Мамадҷонов, сардори толори гидромашинаҳо Рашид Тӯхтамуродов, сардори басти нерӯгоҳ Мақсуд Абдуллоевро бо модаи 391 (сӯистифода аз мақоми хизматӣ), 322 (хунукназарӣ) баррасӣ намуда, сабабҳои садама ва гунаҳгории судшавандаҳоро собит мекунад.                   Нерӯгоҳи мазкур аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳ 500 млн. кВт соат мебошад. 

Октябрь 1, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд