ХАТТИ БАРҚИ «ҶАНУБ – ШИМОЛ» БА ВИЛОЯТИ СУҒД БАРҚ МЕДИҲАД!

Октябрь 27, 2009 11:10

                  Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – «Рӯзҳои наздик тавассути хатти ба тозагӣ сохташудаи интиқоли барқ аз ҷануби мамлакат ба вилояти Суғд қувваи барқ дода мешавад» — гуфт Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳини сафари корӣ ба ноҳияи Ғончӣ. Қувваи барқро дар навбати аввал шаҳрҳои Қайроққум ва Хуҷанд хоҳанд гирифт, баъдтар ноҳияҳои дигари вилоят ба он ҳамроҳ мешаванд.                  Сохтмони зеристгоҳ моҳи марти соли 2008 дар асоси шартнома миёни Тоҷикистон ва Чин оғоз гардида буд. Имрӯз дар сохтмони хатти барқи «Ҷануб – Шимол» 1000 нафар коргарони ширкати чинии «ТБЕА» ва 130 мутахассиси дохилӣ фаъолият доранд. Ёдовар мешавем, ки вилояти Суғд дар фасли зимистон ҳамагӣ 30 фоиз бо барқи худӣ, таъмин аст. «Баъди ифтитоҳи хатти нав мушкилоти таъмини барқ дар вилоят аз байн меравад», — гуфт Қ.Расулзода.

Октябрь 27, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад