ХАТТИ БАРҚИ «ҶАНУБ – ШИМОЛ» БА ВИЛОЯТИ СУҒД БАРҚ МЕДИҲАД!
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – «Рӯзҳои наздик тавассути хатти ба тозагӣ сохташудаи интиқоли барқ аз ҷануби мамлакат ба вилояти Суғд қувваи барқ дода мешавад» — гуфт Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳини сафари корӣ ба ноҳияи Ғончӣ. Қувваи барқро дар навбати аввал шаҳрҳои Қайроққум ва Хуҷанд хоҳанд гирифт, баъдтар ноҳияҳои дигари вилоят ба он ҳамроҳ мешаванд. Сохтмони зеристгоҳ моҳи марти соли 2008 дар асоси шартнома миёни Тоҷикистон ва Чин оғоз гардида буд. Имрӯз дар сохтмони хатти барқи «Ҷануб – Шимол» 1000 нафар коргарони ширкати чинии «ТБЕА» ва 130 мутахассиси дохилӣ фаъолият доранд. Ёдовар мешавем, ки вилояти Суғд дар фасли зимистон ҳамагӣ 30 фоиз бо барқи худӣ, таъмин аст. «Баъди ифтитоҳи хатти нав мушкилоти таъмини барқ дар вилоят аз байн меравад», — гуфт Қ.Расулзода.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






