ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲИИ СММ

Октябрь 6, 2009 11:20

                  Остона, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона иҷлосияи навбатии ХУШ Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ кушода шуд. Иштирокчиёни он дар давоми ду рӯз масъалаҳои марбут ба густариши соҳаи сафару сайёҳат дар шароити бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявӣ ва интихоби Муншии Ассамблеяи генералии созмонро баррасӣ менамоянд. Дар ин вазифа то имрӯз шаҳрванди Урдун Толиб Рифоҳӣ кор мекард.                    Аз Тоҷикистон дар иҷлосияи мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев иштирок дорад.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иҷлосияи 17 Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ соли гузашта дар Колумбия баргузор гардида буд. Ҳамон вақт Тоҷикистон ба узвияти созмон қабул гардид. Коршиносону мутахассисони он соли 2009 ба Тоҷикистон омада, бо фаъолияти муассисаҳои туристӣ ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷолиби диққати мамлакат шинос гардиданд. Дар натиҷа қарор дода шуд, ки ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи туризм кӯмак расонда шавад.

Октябрь 6, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд