ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲИИ СММ
Остона, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона иҷлосияи навбатии ХУШ Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ кушода шуд. Иштирокчиёни он дар давоми ду рӯз масъалаҳои марбут ба густариши соҳаи сафару сайёҳат дар шароити бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявӣ ва интихоби Муншии Ассамблеяи генералии созмонро баррасӣ менамоянд. Дар ин вазифа то имрӯз шаҳрванди Урдун Толиб Рифоҳӣ кор мекард. Аз Тоҷикистон дар иҷлосияи мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев иштирок дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иҷлосияи 17 Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ соли гузашта дар Колумбия баргузор гардида буд. Ҳамон вақт Тоҷикистон ба узвияти созмон қабул гардид. Коршиносону мутахассисони он соли 2009 ба Тоҷикистон омада, бо фаъолияти муассисаҳои туристӣ ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷолиби диққати мамлакат шинос гардиданд. Дар натиҷа қарор дода шуд, ки ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи туризм кӯмак расонда шавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






