ИМОМИ АЪЗАМ ВА ҶАҲОНИ ИМРӮЗА
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Субҳи имрӯз дар Кохи Борбад дар мавзӯи « Имоми Аъзам ва ҷаҳони имрӯза» симпозиуми байналхалқӣ кушода шуд. Дар он 500 нафар намояндаи 50 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, ИМА, Миср, Туркия, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва ғайра иштирок доранд. Симпозиумро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кушода, иштирокчиён ва меҳмонони онро хайра мақдам гуфт: «Ман имрӯз ҳамаи Шуморо ба конфронси байналхалқии илмию амалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти алломаи бузург, фақеҳи барҷаста ва файласуфи бузурги соҳаи дин Имоми Аъзам хайра мақдам мегӯям. Дар симпозиум олимони машҳур, муҳаққиқон ва арбобони сиёсии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон иштирок доранд. Ин ҷо сухан дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва рӯзгори яке аз намояндагони бузурги ҷаҳони ислом Имоми Аъзам ва таҳқиқоти ӯ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва дину сиёсат хоҳад рафт. Ман ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ин ҷамъомади бузурги байналхалқӣ ба шарафи 1310 – солагии бунёдгузори мазҳаби сабру таҳаммул дар ҷараёни суннизм Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит барору комёбӣ орзу карда, меҳмонони мӯҳтарамро ба пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — шаҳри Душанбе «хуш омадед!» мегӯям, зикр кард Сардори давлати Тоҷикистон. Баъди суханронии Президенти Тоҷикистон дар симпозиум олимони машҳур ва арбобони соҳаи сиёсат аз Афғонистон, Русия, Миср, Покистон ва мамлакатҳои дигар сухан хоҳанд кард. Дар фарҷоми ҷамъомад бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон консерти калони идона намоиш дода мешавад.