«ИСТИҚЛОЛ» ҶОМИ ТОҶИКИСТОНРО БА ДАСТ ОВАРД

Октябрь 6, 2009 11:23

                   Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дастаи футболбозони пойтахт «Истиқлол» соҳиби Ҷоми Тоҷикистон соли 2009 гашт. Дирӯз, 5 октябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ қувваозмоии хотимавӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва ЦСКА «Помир» баргузор гашт. Қувваозмоӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт. Аъзои дастаи «Истиқлол» Юсуф Рабиев ба дарвозаи ҳарифон 2 тӯб ва Фатҳулло Фатҳуллоев 1 тӯб заданд. Аз дастаи ЦСКА «Помир» голи ягонаро Чарлз Накути зад.                  Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 гузаронида мешавад. Таи 17 сол 9 даста соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуданд. Айни ҳол дастаи футболбозони «Регар-ТадАЗ» ҷойи аввалро ишғол менамояд. Онҳо соҳиби 4 Ҷом гардидаанд.

Октябрь 6, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд