«ИСТИҚЛОЛ» ҶОМИ ТОҶИКИСТОНРО БА ДАСТ ОВАРД
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дастаи футболбозони пойтахт «Истиқлол» соҳиби Ҷоми Тоҷикистон соли 2009 гашт. Дирӯз, 5 октябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ қувваозмоии хотимавӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва ЦСКА «Помир» баргузор гашт. Қувваозмоӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт. Аъзои дастаи «Истиқлол» Юсуф Рабиев ба дарвозаи ҳарифон 2 тӯб ва Фатҳулло Фатҳуллоев 1 тӯб заданд. Аз дастаи ЦСКА «Помир» голи ягонаро Чарлз Накути зад. Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 гузаронида мешавад. Таи 17 сол 9 даста соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуданд. Айни ҳол дастаи футболбозони «Регар-ТадАЗ» ҷойи аввалро ишғол менамояд. Онҳо соҳиби 4 Ҷом гардидаанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






