КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кӯлоб, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмак пайваста ба эҳтиёҷмандон ва зарардидагони офатҳои табиӣ тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад. Бояд гуфт, ки ба беш аз 80 хоҷагии шаҳри Кӯлоб, бар асари боронҳои сели моҳи майи имсола зарари молӣ расида, беш аз бисту чор оила аз манзили зисти хеш маҳрум гардида буданд. Бо мақсади муайян намудани зарари ба шаҳрвандон расида, як комиссияи босалоҳият аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд, ки он хисороти аз офати табиӣ расидаро муайян намояд. Ҳайати комиссия таи як ҳафта аз ҳамаи оилаҳои зарардида дидан намуда, санадҳои тасдиқкунандаи миқдори зарари расидаро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар мувофиқа ба санадҳо ба шаҳрвандон кӯмак муқаррар карда шуд. Дар навбати аввал ба зарардидагон масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла аз 2,5 то 5 тоннагӣ семент дастрас гардид, ин кӯмак дар навбати аввал ба шаҳрвандоне, ки аз манзили зисташон маҳрум гардида буданд, расонида шуд. Шаҳрвандон барои ин ғамхориҳо миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд. Бино ба иттилои масъулин дар рӯзҳои наздик дигар масолеҳи сохтмонӣ низ ба ниёзмандон расонида хоҳад шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






