КӮМАКИ ИТТИҲОДИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БА ТОҶИКИСТОН

Октябрь 6, 2009 14:50

                 Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Иттиҳоди созмонҳои байналхалқӣ қарор додааст, ки барои оилаҳои бар асари боришоти тӯлонӣ бесарпаноҳмондаи ноҳияи Хуросони Тоҷикистон хонаҳои зилзилабардор ва васеу барҳаво созад.                 Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз дар ин ҷо барои 132 оила манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дод. Бо вуҷуди ин ҳоло ҳам тақрибан 312 оила дар хаймаҳо ё хонаҳои хешу таборонашон зиндагӣ мекунанд.                  Бояд гуфт, ки талаботи зарардидагон ба манзили истиқоматӣ нисбат ба имкониятҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ зиёд аст.                   Созмонҳои байналхалқии Каритас ва Раёсати рушду ҳамкории Швейтсария барои сохтани манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Хуросон 300 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуданд. Бо ин маблағ барои 20 оила манзили истиқоматӣ сохта хоҳад шуд.  

Октябрь 6, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд