КӮМАКИ ИТТИҲОДИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Иттиҳоди созмонҳои байналхалқӣ қарор додааст, ки барои оилаҳои бар асари боришоти тӯлонӣ бесарпаноҳмондаи ноҳияи Хуросони Тоҷикистон хонаҳои зилзилабардор ва васеу барҳаво созад. Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз дар ин ҷо барои 132 оила манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дод. Бо вуҷуди ин ҳоло ҳам тақрибан 312 оила дар хаймаҳо ё хонаҳои хешу таборонашон зиндагӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки талаботи зарардидагон ба манзили истиқоматӣ нисбат ба имкониятҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ зиёд аст. Созмонҳои байналхалқии Каритас ва Раёсати рушду ҳамкории Швейтсария барои сохтани манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Хуросон 300 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуданд. Бо ин маблағ барои 20 оила манзили истиқоматӣ сохта хоҳад шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






