КИҲОРО АЗ МАМЛАКАТ ХОРИҶ МЕКУНАНД?

Октябрь 23, 2009 14:25

                 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати ВКД – и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисон, роҳбарони хадамоти муҳоҷират, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма мизи мудаввар баргузор карда хоҳад шуд.                  Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати ВКД – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории мизи мудаввар муайян ва мукаммал кардани тарбиби фаъолияти маъмурӣ дар асоси талаботи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» ва таҳкими ҳамкорӣ бо вазорат ва идораҳои дахлдор мебошад. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ тартиби аз мамлакат хориҷ кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ буда, муҳокима мешаванд.                «Муҳокимаи масъалаҳои мазкур бо мутахассисони бахши муҳоҷират барои ёфтан ва ҷорӣ кардани тартиби муфид, қулай ва осон шароит фароҳам меорад. Дар натиҷа, вобаста ба ҳар як ҳолат тавозун миёни ҳимояи манфиатҳои давлат ва кафолати ҳукуқу озодиҳои шахс, бо истифода аз таҷрибаи байналмиллалӣ риоя карда мешавад», — қайд карданд дар Хадамоти муҳоҷирати ВКД — и ҶТ. 

Октябрь 23, 2009 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад