КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОКУ

Октябрь 13, 2009 08:19

                  Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). — Имрӯз дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку конфронси дуюми байналмилалии бонкӣ бо иштироки давлатҳои ИДМ дар мавзӯи «Таҳкими устувории сохторҳои бонкӣ ва молиявии давлатҳои ИДМ» баргузор мегардад. Иштирокчиёни конфронс мушкилоти сохторҳои бонкӣ дар шароити бӯҳронии бозори молиявии ҷаҳон; ногузирии рушди инфраструктураи бонкиву молиявӣ барои созмон додани бозори минтақавии бонкӣ; имкониятҳои таъсис додани фазои ягонаи ҳисоббаробаркунӣ дар ҳудуди давлатҳои Иттиҳодро баррасӣ мекунанд.                  Таваҷҷӯҳи иштирокдорони конфронс ба муҳокимаи ҳамоҳангсозии амалиётҳои якҷояи сохторҳои бонкӣ барои гузаштан аз давраи гирифтани қарзҳои хориҷӣ ба марҳалаи ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат ба иқтисодиёти давлатҳои ИДМ равона карда мешавад. Ҳалли ин масъала, ба болоравии мунтазами иқтисодиёти давлатҳои ИДМ мусоидат карда, рушди бомароми фаъолияти сохторҳои бонкиро таъмин мекунад. 

Октябрь 13, 2009 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд