КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОКУ
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). — Имрӯз дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку конфронси дуюми байналмилалии бонкӣ бо иштироки давлатҳои ИДМ дар мавзӯи «Таҳкими устувории сохторҳои бонкӣ ва молиявии давлатҳои ИДМ» баргузор мегардад. Иштирокчиёни конфронс мушкилоти сохторҳои бонкӣ дар шароити бӯҳронии бозори молиявии ҷаҳон; ногузирии рушди инфраструктураи бонкиву молиявӣ барои созмон додани бозори минтақавии бонкӣ; имкониятҳои таъсис додани фазои ягонаи ҳисоббаробаркунӣ дар ҳудуди давлатҳои Иттиҳодро баррасӣ мекунанд. Таваҷҷӯҳи иштирокдорони конфронс ба муҳокимаи ҳамоҳангсозии амалиётҳои якҷояи сохторҳои бонкӣ барои гузаштан аз давраи гирифтани қарзҳои хориҷӣ ба марҳалаи ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат ба иқтисодиёти давлатҳои ИДМ равона карда мешавад. Ҳалли ин масъала, ба болоравии мунтазами иқтисодиёти давлатҳои ИДМ мусоидат карда, рушди бомароми фаъолияти сохторҳои бонкиро таъмин мекунад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






