КОНФРОНСИ МИЛЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

Октябрь 22, 2009 10:58

                 Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дирӯз дар меҳмонхонаи «Хаятт Редженси Душанбе» конфронси миллӣ таҳти унвони «Сатҳи зиндагӣ ва рушди инсон дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ гузаронида шуд. Дар кори конфронс зиёда аз 120 нафар намояндагони муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалии хориҷӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО иштирок карданд.                Дар рафти конфронс натиҷаи тадқиқот дар мавзӯи «Баҳогузорӣ ба хусусиятҳои камбизоатӣ дар Тоҷикистон — соли 2009» пешкаши мутахассисону коршиносон карда шуд. Дар конфронс намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Олексий Ивашенко қайд кард: — «96 фоизи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия қарор дошта 55 фоизи онҳо дар сохтмон ва 35 фоиз ба корҳои маошашон паст машғуланд. Авҷи сохтмонҳо дар Федератсияи Русия паст мешавад, бинобар ҳамин талабот ба коргарони хориҷӣ низ кам хоҳад шуд».               Тадқиқоти гузаронидашуда дар давоми солҳои 2003 – 2007 нишон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 72 фоиз то ба 53, 5 фоиз поён рафт. Бо вуҷуди беҳбудии вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам камбизоатӣ ва фақирӣ миёни аҳолӣ ҷой дорад.

Октябрь 22, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд