КОРИ ТАФТИШОТИИ БОЗ ЯК РАИСИ ПОРАХӮР АНҶОМ ЁФТ

Октябрь 19, 2009 09:32

                 Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои як масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон, кори тафтишотии раиси хоҷагии «Насим» -и ноҳияи Қумсангир Файзалӣ Раҳимовро оид ба тақсими замини наздиҳавлигӣ барои сохтмон ва гирифтани пора анҷом ёфта ба суд ирсол гардид.                Шаҳрванд Н. ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон бо ариза дар бораи гирифтани 2 ҳазор доллари амрикоӣ барои 8 сотих замин аз болои раиси хоҷагии деҳқонии «Насим» Файзалӣ Раҳимов муроҷиат намуд. Агентӣ баъди тафтиши қазия парвандаи ҷиноиро нисбати Ф. Раҳимов ба анҷом расонида, онро барои моҳиятан дида баромадан ба суд пешниҳод намуд. Дар суд аз рӯи парвандаи мазкур мурофиа оғоз шудааст.

Октябрь 19, 2009 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд