КУРСҲОИ ОМОДА СОХТАНИ КАДРҲО БАРОИ АРТИШИ МАРЗБОН

Октябрь 7, 2009 12:03

                 Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар Омӯзишгоҳҳои олии марзбонони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо барои омода сохтани кадрҳо ба артиши марзбони Тоҷикистон курсҳо кушода шуданд. Дар маросими ифтитоҳи курсҳои мазкур семинари таълимӣ гузаронида шуд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар курсҳои мазкур барои шӯъбаҳои назорати сарҳади давлатӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.                  Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Қосимҷон Ғаффоров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки масъалаи таъмини амнияти сарҳад аҳамияти торафт ҷиддитар пайдо мекунад. Зеро вазъияти баъзе мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Афғонистон сол то сол муташанниҷтар мегардад. Бояд гуфт, ки дарозии сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон 1344 километрро ташкил медиҳад.                 Курсҳои тайёриро дар омӯзишгоҳи сарҳадии САҲА Бюрои Созмони амнияту ҳамкори Аврупо дар Тоҷикистон ва шӯъбаи марзбонии хадамоти зудамали маркази пешгирии муноқишаҳои созмони мазкур ташкил намуданд. Дар курсҳои тайёрӣ намояндагони Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Украина таҳсил мекунанд.                  Ёдовар мешавем, ки Омӯзишгоҳҳои олии сарҳадии САҲА дар Душанбе моҳи майи соли равон кушода шуда буд. Дар маросими кушодашавии он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, сафири Юнон ва раиси Шӯрои доимии САҲА Мари Маринаки ва мудири маркази САҲА дар масъалаи пешгирии муноқишаҳо, сафир Герберт Залбер иштирок доштанд.

Октябрь 7, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд