КУРСҲОИ ОМОДА СОХТАНИ КАДРҲО БАРОИ АРТИШИ МАРЗБОН
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар Омӯзишгоҳҳои олии марзбонони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо барои омода сохтани кадрҳо ба артиши марзбони Тоҷикистон курсҳо кушода шуданд. Дар маросими ифтитоҳи курсҳои мазкур семинари таълимӣ гузаронида шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар курсҳои мазкур барои шӯъбаҳои назорати сарҳади давлатӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Қосимҷон Ғаффоров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки масъалаи таъмини амнияти сарҳад аҳамияти торафт ҷиддитар пайдо мекунад. Зеро вазъияти баъзе мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Афғонистон сол то сол муташанниҷтар мегардад. Бояд гуфт, ки дарозии сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон 1344 километрро ташкил медиҳад. Курсҳои тайёриро дар омӯзишгоҳи сарҳадии САҲА Бюрои Созмони амнияту ҳамкори Аврупо дар Тоҷикистон ва шӯъбаи марзбонии хадамоти зудамали маркази пешгирии муноқишаҳои созмони мазкур ташкил намуданд. Дар курсҳои тайёрӣ намояндагони Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Украина таҳсил мекунанд. Ёдовар мешавем, ки Омӯзишгоҳҳои олии сарҳадии САҲА дар Душанбе моҳи майи соли равон кушода шуда буд. Дар маросими кушодашавии он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, сафири Юнон ва раиси Шӯрои доимии САҲА Мари Маринаки ва мудири маркази САҲА дар масъалаи пешгирии муноқишаҳо, сафир Герберт Залбер иштирок доштанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






