КУШТОРИ КОРМАНДИ МИЛИСА ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 19 октябр ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ корманди хадамоти пайраҳадории шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ сержанти калони милиса Бадалов Дӯстмурод аз ҷониби ҷинояткор парронда шуд. Д.Бадалов бо ҳамроҳии ҳамхизматаш Абдураҳмон Муродов ҳангоми назорати нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар боғи Дӯстии халқҳои пойтахт барои муайян кардани шахсияти марди шубҳанок ӯро нигоҳ доштан хостанд. Аммо, ин шахс бо истифода аз яроқи оташфишон ба кормандони милиса муқобилият нишон дода, ду маротиба ба тарафи Бадалов Д. тир паронд. Дар натиҷа Бадалов Д. дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Баъд аз ин ҷинояткор ба автомашина нишаста аз ҷои ҳодиса ғайб зад. Мувофиқи маълумоти пешакӣ ҷинояткор зери таъсири моддаи нашъаовар қарор доштааст. «Айни ҳол таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал — майори милиса Рамазон Раҳимов гурӯҳи фаврӣ — тафтишотӣ таъсис ёфта ба ҷустуҷӯи ҷинояткор сафарбар гардидааст» — иттилоъ дод сарчашма.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






