М.АСАДУЛЛОЕВ: АЗ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ 565 НАФАР БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД

Октябрь 29, 2009 15:28

                 Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 27 октябр панҷ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Бар асари он се нафар ба ҳалокат расида панҷ нафари дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.                  Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел — Астра» Рамазон Гулаев (с.т. 1987) сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми харакат дар деҳаи Гулистон аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Момогул Миралиева, соли таваллудаш 1962 ҷароҳати вазнин гирифта ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.                   Инчунин як садамаи нақлиёти марговар дар ноҳияи Роғун ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «МУСО» Гулобшо Партовиев, ки соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Вахдат – Рашт – Ҷиргатол аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба чуқурии 40 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа се мусофири автомашинаи мазкур ҷароҳати ҷисмонии гуногун гирифта дар беморхонаи шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд. Аммо мусофир Меҳримо Ниёзмамадова, соли таваллудаш 1988 аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.                 Бояд қайд намуд, ки дар зарфи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1 418 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 565 нафар ба ҳалокат расиданд. 

Октябрь 29, 2009 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд