М.АСАДУЛЛОЕВ: АЗ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ 565 НАФАР БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 27 октябр панҷ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Бар асари он се нафар ба ҳалокат расида панҷ нафари дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел — Астра» Рамазон Гулаев (с.т. 1987) сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми харакат дар деҳаи Гулистон аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Момогул Миралиева, соли таваллудаш 1962 ҷароҳати вазнин гирифта ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад. Инчунин як садамаи нақлиёти марговар дар ноҳияи Роғун ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «МУСО» Гулобшо Партовиев, ки соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Вахдат – Рашт – Ҷиргатол аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба чуқурии 40 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа се мусофири автомашинаи мазкур ҷароҳати ҷисмонии гуногун гирифта дар беморхонаи шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд. Аммо мусофир Меҳримо Ниёзмамадова, соли таваллудаш 1988 аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Бояд қайд намуд, ки дар зарфи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1 418 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 565 нафар ба ҳалокат расиданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






