М. УБАЙДУЛЛОЕВ: «ҚОНУНИ НАВ ИФОДАГАРИ АҚИДАҲОИ ИНТЕРНАТСИОНАЛИСТӢ АСТ»

Октябрь 3, 2009 12:26

                  Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Қонуни нави забони давлатӣ яке аз беҳтарин қонунҳо дар миқёси минтақа буда, ифодагари ақидаҳои интернатсионалистӣ аст», гуфт зимни баррасӣ ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, ки 3 октябр дар Душанбе баргузор шуд.                   Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат аз аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани аҳамияти қонуни забони давлатӣ саҳм гузоранд. Мавсуф афзуд, ки барои ҳар фарди ватандӯст, ки дар қаламрави Тоҷикистон кору фаъолият менамояд, донистани забони давлатӣ зарур аст.                   Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки қонуни нави забон 1 октябр аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ва 3 октябр аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ қабул ва ҷонибдорӣ гардид. Қонуни мазкур барои рушди забони давлатӣ дар шароити глобализатсияи ҷомеаи башарӣ шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам оварда, кафолати истифодаи забонҳои дигарро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.                  Қонун баъди имзои Президенти ҷумҳурӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад. 

Октябрь 3, 2009 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд