МАҲФИЛҲОИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 5 октябр баъди ба охир расидани Симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба 1310 — солагии Имоми Аъзам дар Кохи Сомон дар мавзӯи «Мероси илмии Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи миллатҳо» маҳфили илмӣ баргузор гардид. Онро профессори Донишгоҳи Отатурки Туркия Башир Гузубанлӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва рӯзгори Имоми Аъзам сухан ронд. Дар маҳфили нахустини Симпозиум мавзӯи «Мероси илмии Имом Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар ҷаҳони имрӯзаи ислом» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар маҳфили мазкур олимону мутахассисони мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла, профессори Донишгоҳи Хитити Туркия Муҳити Март, раиси Шӯрои олии тақоруби мазоҳиби Эрон Оятулло Тасхирӣ, роҳбари маркази илмии «Время и Мир» — и Русия Валерий Емелянов, директори Пажӯҳишгоҳи Дунганшиносии Донишгоҳи марказии миллии Чин Чженхуа Хун ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногуни бахшида ба фаъолияти илмӣ ва динии Имоми Аъзам маърӯзаҳо хонданд. Имрӯз, 6 октябр дар Коҳи Сомон маҳфилҳои сеюм ва чоруми симпозиум баргузор мегарданд. Дар фарҷоми онҳо меморандуми симпозиум қабул карда мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






