МАЪРАКАИ ЭМКУНИИ КӮДАКОН ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маъракаи эмкунӣ ва наҷоти кӯдакон аз беморӣ ба барномаҳои миллӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Бино ба гуфти намояндаи фонди фавқулоддаи ёрӣ ба бачагони назди Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонгвей Гао эмкунии саривақтии кӯдакон бар зидди бемориҳои бачагонаи гул ва сурхакон воситаи асосии аз бемориҳо раҳонидани кӯдакон мебошад. Эмкунии зидди бемории гул ва сурхакон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ бо дастгирии фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва ташкилоти байналмилалии тандурустӣ (ВОЗ) гузаронида мешавад. Дар маъракаи дуҳафтаинаи эмкунӣ 2,5 млн. кӯдакони аз 1 то 14 сола фаро гирифта мешаванд. Ваксинатсиякунӣ дар тамоми дармонгоҳҳо, мактабу интернатҳо ва дигар муассисаҳои томактабӣ гузаронида мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






