МАРОСИМИ ГУЗОШТАНИ ХИШТИ АВВАЛИ МАСҶИДИ ҶОМЕИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Октябрь 5, 2009 11:47

                Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 1310 – солагии олими бузурги ҷаҳони ислом, бунёдгузори мазҳаби ҳанафия – Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе хишти аввали масҷиди ҷомеъро гузошт.                Сардори давлат дар ҳузури ҷамъомадагон зикр кард, ки сохтмони масҷид кори хайр мебошад.                 Сипас қайд карда шуд, ки дар доираи тадбирҳои марбут ба Соли ёдбуд ва абадӣ гардондани номи фарзанди бузурги тоҷикон ва омӯзиши мероси гаронмояи ӯ мо имрӯз ба сохтмони масҷиди калонтарин дар Тоҷикистони соҳибихтиёр шурӯъ хоҳем кард.                Тибқи нақшаи сохтмон, дар масҷид ва атрофи он то 150 ҳазор намозгузор ҷой гирифта метавонад. Умед аст, ки мардум баъди анҷоми сохтмони масҷид бо дили пок барои гузоридани намоз ва ибодат ба Худои бузургвор ба ин ҷо қадам ранҷа хоҳанд кард.                 Дар робита бо сохтмони ин масҷиди бузург махсус таъкид хоҳам кард, ки бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ ва эъмори иншооти дигари дорои аҳамияти ҳаётан муҳим мо ба сохтмони масҷид ба туфайли ҷамъ шудани маблағҳои хайрияи сокинони Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар, инчунин хайру эҳсони корхонаю муассисаҳо ва сармоягузорони маҳаллию хориҷӣ шурӯъ намудем.                Мо ба сохтмони ин масҷиди бузург шурӯъ карда, аз Худои таъоло талаб дорем, ки бо назари хайр ва инояти худ Тоҷикистонро бештар ободу шукуфотар гардонад.                Умедворем, ки масҷиди сохташаванда ояндаи наздик ба яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ ва динии мамлакатамон табдил хоҳад ёфт, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.                Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки лоиҳаи сохтмони масҷидро ширкати «Аднон Саффорини» — и Аморатҳои Муттаҳидаи Араб таҳия намудааст. Сохтмони масҷид дар давоми 5 сол анҷом дода мешавад.                  Бинои масҷид аз 5 бурҷи баландии ҳар кадомаш бештар аз 100 метр, 7 сутуни пурнақшу нигор, ки рамзи 7 қабати ҷаҳон ва дарвозаи биҳишт мебошанд, фаввораҳо ва ҳавзҳои бешумор, инчунин китобхона, осорхона ва толорҳои махсус барои гузаронидани ҷамъомадҳои гуногун иборат хоҳад буд.                  Дар шафати масҷид барои Донишгоҳи исломӣ бинои калон сохта мешавад. Ҷараёни таҳсил дар Донишгоҳи исломӣ мувофиқи барномаҳои навтарини байналхалқӣ ба роҳ монда мешавад, дастпарварони он дар баробари улуми илоҳӣ, чандин забонҳои хориҷиро низ меомӯзанд.

Октябрь 5, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид