МАРОСИМИ ГУЗОШТАНИ ХИШТИ АВВАЛИ МАСҶИДИ ҶОМЕИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 1310 – солагии олими бузурги ҷаҳони ислом, бунёдгузори мазҳаби ҳанафия – Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе хишти аввали масҷиди ҷомеъро гузошт. Сардори давлат дар ҳузури ҷамъомадагон зикр кард, ки сохтмони масҷид кори хайр мебошад. Сипас қайд карда шуд, ки дар доираи тадбирҳои марбут ба Соли ёдбуд ва абадӣ гардондани номи фарзанди бузурги тоҷикон ва омӯзиши мероси гаронмояи ӯ мо имрӯз ба сохтмони масҷиди калонтарин дар Тоҷикистони соҳибихтиёр шурӯъ хоҳем кард. Тибқи нақшаи сохтмон, дар масҷид ва атрофи он то 150 ҳазор намозгузор ҷой гирифта метавонад. Умед аст, ки мардум баъди анҷоми сохтмони масҷид бо дили пок барои гузоридани намоз ва ибодат ба Худои бузургвор ба ин ҷо қадам ранҷа хоҳанд кард. Дар робита бо сохтмони ин масҷиди бузург махсус таъкид хоҳам кард, ки бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ ва эъмори иншооти дигари дорои аҳамияти ҳаётан муҳим мо ба сохтмони масҷид ба туфайли ҷамъ шудани маблағҳои хайрияи сокинони Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар, инчунин хайру эҳсони корхонаю муассисаҳо ва сармоягузорони маҳаллию хориҷӣ шурӯъ намудем. Мо ба сохтмони ин масҷиди бузург шурӯъ карда, аз Худои таъоло талаб дорем, ки бо назари хайр ва инояти худ Тоҷикистонро бештар ободу шукуфотар гардонад. Умедворем, ки масҷиди сохташаванда ояндаи наздик ба яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ ва динии мамлакатамон табдил хоҳад ёфт, гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки лоиҳаи сохтмони масҷидро ширкати «Аднон Саффорини» — и Аморатҳои Муттаҳидаи Араб таҳия намудааст. Сохтмони масҷид дар давоми 5 сол анҷом дода мешавад. Бинои масҷид аз 5 бурҷи баландии ҳар кадомаш бештар аз 100 метр, 7 сутуни пурнақшу нигор, ки рамзи 7 қабати ҷаҳон ва дарвозаи биҳишт мебошанд, фаввораҳо ва ҳавзҳои бешумор, инчунин китобхона, осорхона ва толорҳои махсус барои гузаронидани ҷамъомадҳои гуногун иборат хоҳад буд. Дар шафати масҷид барои Донишгоҳи исломӣ бинои калон сохта мешавад. Ҷараёни таҳсил дар Донишгоҳи исломӣ мувофиқи барномаҳои навтарини байналхалқӣ ба роҳ монда мешавад, дастпарварони он дар баробари улуми илоҳӣ, чандин забонҳои хориҷиро низ меомӯзанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






