МАСЪАЛАҲОИ СТРАТЕГИЯИ ФАЪОЛИЯТИ САМТИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ

Октябрь 16, 2009 17:05

                   Душанбе, 16 октября. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 16 то 21 октябр дар толори конфронсии Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод, бо дастгирии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Соҳаи самти ғайридавлатии фарҳанг: стратегияи фаъолият» оғоз мегардад.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин такшилоти байналмиллалӣ хабар доданд, дар кори семинар иштироки намояндагон аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кормандони лабораторияҳои эҷодӣ, коргоҳҳои бадеӣ, студияҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе дар назар аст. Машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби санъатшиносони Академияи Давлатии фарҳанг ва ҳунари Челябински Русия гузаронида мешаванд.                    Ҳадафи асосии амалӣ намудани лоиҳаи мазкур иборат аз омӯзондани кормандони соҳаи фарҳанг ва ҳунар бо хусусиятҳои консепсияи муосири идоракунӣ дар соҳаи фарҳанги иҷтимоӣ мебошад. Инчунин иштироккунандагони семинар имкон пайдо менамоянд, ки бо сохти идоракунӣ, дуруст ҳал намудани мушкилот бо усули пешгӯӣ кардан ва баҳо додан ба натиҷаи меҳнат шинос шаванд.

Октябрь 16, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд