МАСЪАЛАҲОИ СТРАТЕГИЯИ ФАЪОЛИЯТИ САМТИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ
Душанбе, 16 октября. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 16 то 21 октябр дар толори конфронсии Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод, бо дастгирии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Соҳаи самти ғайридавлатии фарҳанг: стратегияи фаъолият» оғоз мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин такшилоти байналмиллалӣ хабар доданд, дар кори семинар иштироки намояндагон аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кормандони лабораторияҳои эҷодӣ, коргоҳҳои бадеӣ, студияҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе дар назар аст. Машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби санъатшиносони Академияи Давлатии фарҳанг ва ҳунари Челябински Русия гузаронида мешаванд. Ҳадафи асосии амалӣ намудани лоиҳаи мазкур иборат аз омӯзондани кормандони соҳаи фарҳанг ва ҳунар бо хусусиятҳои консепсияи муосири идоракунӣ дар соҳаи фарҳанги иҷтимоӣ мебошад. Инчунин иштироккунандагони семинар имкон пайдо менамоянд, ки бо сохти идоракунӣ, дуруст ҳал намудани мушкилот бо усули пешгӯӣ кардан ва баҳо додан ба натиҷаи меҳнат шинос шаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






