МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Октябрь 14, 2009 10:41

                 13-уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим машварати корӣ анҷом дод. Дар боби омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи зиёд ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани захираҳои об ва нерӯи барқ зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҷумҳурӣ дар баробари воридот фурӯши лампаҳои тасфон ҳам дар моҳҳои наздик манъ карда шавад.Ҳамчунин дастур дода шуд, ки пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан таҳти назорати доимӣ қарор бигирад.                 Аз рафти таҷдид ё худ азнавсозии агрегатҳои нерӯгоҳи обии Норак, ки аллакай чархи дуюмаш аз Украина ба Тоҷикистон расид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                 Хотиррасон бояд намуд, ки чархи якуми нерӯгоҳ соли равон иваз карда шуд ва он бо иқтидори 335 мегават кор карда истодааст. Чархҳои ҳамаи 9 агрегат дар зарфи 5 сол пурра иваз карда хоҳанд шуд ва дар натиҷа иқтидори лоиҳавии он, ки 3000 мегават аст, аз нав барқарор мегардад.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили соҳаи кишоварзӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулини дахлдор оид ба тезондани ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.                     Баррасии рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳу пулҳо, мактабу бемористонҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд.Зимни машварат ҳамчунин таъкид гардид, ки сифати таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста таҳти назорат қарор дошта бошад.  

Октябрь 14, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд