МАШВАРАТИ МАРЗБОНОН ДАР МИНСК
Минск, 1 октябр. (АМИТ «Ховар» — belta.by). — Дирӯз дар Минск маҷлиси дурӯзаи гурӯҳи кории роҳбарони мақомоти марзбони ИДМ дар доираи конфронси байналхалқии бахшида ба проблемаҳои муҳофизати сарҳад анҷом ёфт. Дар он роҳбарони мақомоти марзбони 20 мамлакат, инчунин намояндагони Комиссияи Аврупо, Агентии марзбони Аврупо – «Фронтекс», муассисаи рушди СММ, Раёсати комиссари олии СММ дар масъалаи гурезаҳо, Созмони байналхалқии муҳоҷират, САҲА, Шӯрои фармондеҳони воҳидҳои низомии марзбони ИДМ, Агентии Федералии таҷҳизонидани сарҳадҳои Русия ва ғайра иштирок намуданд. Маҷлиси нахустини Конфронси байналхалқии бахшида ба проблемаҳои сарҳад моҳи майи соли равон дар Будапешт баргузор гардида буд. Дар он қарор қабул карда шуд, ки Белорусия ба гурӯҳи кории роҳбарони мақомоти марзбон роҳбарӣ мекунад. Дирӯз дар маҷлиси мазкур президенти Белорусия А.Лукашенко сухан карда, дар бораи аҳамияти тадбирҳои муштараки давлатҳо дар мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира сухан ронд. Таъкид карда шуд, ки ин проблемаро ягон давлати муқтадиртарини ҷаҳон танҳо бо қувваи худ ҳал карда наметавонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






