МУҲОКИМАИ БАРНОМАИ ЯДРОИИ ЭРОН

Октябрь 1, 2009 11:14

                 Женева, 1 октябр. (АМИТ «Ховар» — itar – tass.com). — Имрӯз дар Женева машварати намояндагони мамлакатҳои Русия, Чин, ИМА, Британияи Кабир, Олмон ва Фаронса бо намояндагони Эрон дар масъалаи барномаи ядроии он кушода мешавад. Иштирокчиёни мулоқот ба масъалаи сохтмони корхонаи дуюми тоза кардани моддаи радиоактивии уран дар шаҳри Кум, инчунин идомаи озмоиши мушакҳо дар Эрон дахл хоҳанд кард.                  Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дирӯз Теҳронро даъват кард, ки бо Агентии байналхалқии энергияи атом самарабахштару фаъолонатар ҳамкорӣ кунад. Вазири корҳои хориҷии Русия изҳор намуд, ки озмоиши мушакҳо дар Эрон дар заминаи ҳал нагардидани барномаи ядроии он сабаби ташвишу изтироби ҷомеаи ҷаҳон мегардад.                   Аз Русия дар мулоқоти шашгона муовини вазири корҳои хориҷӣ Сергей Рябков иштирок хоҳад кард.

Октябрь 1, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд