МУҲОКИМАИ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲМОҲАИ КИШОВАРЗОН

Октябрь 27, 2009 10:08

                Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 26 – уми октябр дар толори хурди маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ натиҷаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа ба таври васеъ миёни мутахассисон ва намояндагони васоити ахбори омма муҳокима гардид.                Баъди суханронии кӯтоҳи муовини аввали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров, натиҷаи фаъолияти кишоварзону чорводорон, боғдорону моҳипарварон, занбӯриасалу паррандапарварон мавзӯъҳои муҳокимавии рӯзноманигорон ва мутахассисони соҳа қарор гирифтанд.                 Соли ҷорӣ ҳамаи нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ хуб ҷамъбаст гардид. Бори аввал дар таърихи беш аз ҳазорсолаи кишвар беш аз 1 млн. тонна ғалла, наздик ба 800 ҳазор тонна сабзавот, беш аз 399 ҳазор тонна картошка, 337 ҳазор тонна полизиҳо ва 81 ҳазор тонна ангур ба даст оварда шудааст.               Таҳлил нишон дод, ки сохтори вазорат ба талаботи давр мувофиқ нест. Ҳамасола миёни вазоратҳои кишоварзӣ ва мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ мувофиқа ҳосил намешавад, ки ин боиси бисёр вақт талаф ёфтани ҳосиили кишти кишоварзони ҷумҳурӣ мегардад. Соли ҷорӣ дар бисёр ноҳияҳои вилояти Хатлон барои кишти такрорӣ об дода нашуд, ки ин боиси норозигии мардуми ин вилояти калонтарини пахтакору чорводор, зироаткору сабзавоткор гардид. Метавон барои мисол 104 хоҷагии ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархорро мисол овард, ки аз 15 – уми августи соли ҷорӣ на барои пахта ва на барои кишти такрорӣ бо об таъмин нашудаанд. Ҳазорҳо гектар кишти такрорӣ, ки асоси даромади иловагӣ маҳсуб меёбад сӯхта нобуд гардид.                  Таърихи беш аз 70 – солаи шӯравӣ нишон дод, ки ин ду вазорат бе муттаҳид будан ба як вазорати мукаммал наметавонад пешрав бошад,- иброз дошт ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ доктори илмҳои кишоварзӣ Толиб Бухориев ба мухбири АМИТ «Ховар».                 Алҳол таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон нишон медиҳад, ки муттаҳид сохтани ин ду сохтор ба як вазорат – Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва корхонаҳои истеҳсолӣ аҳамияти бештарро касб кардааст.                 Муҳокима, пешниҳодот ва назари кормандони ВАО аз ҷониби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ хуб пазируфта шуданд.                Конфронс дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардид.

Октябрь 27, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд