МУҲОКИМАИ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲМОҲАИ КИШОВАРЗОН
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 26 – уми октябр дар толори хурди маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ натиҷаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа ба таври васеъ миёни мутахассисон ва намояндагони васоити ахбори омма муҳокима гардид. Баъди суханронии кӯтоҳи муовини аввали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров, натиҷаи фаъолияти кишоварзону чорводорон, боғдорону моҳипарварон, занбӯриасалу паррандапарварон мавзӯъҳои муҳокимавии рӯзноманигорон ва мутахассисони соҳа қарор гирифтанд. Соли ҷорӣ ҳамаи нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ хуб ҷамъбаст гардид. Бори аввал дар таърихи беш аз ҳазорсолаи кишвар беш аз 1 млн. тонна ғалла, наздик ба 800 ҳазор тонна сабзавот, беш аз 399 ҳазор тонна картошка, 337 ҳазор тонна полизиҳо ва 81 ҳазор тонна ангур ба даст оварда шудааст. Таҳлил нишон дод, ки сохтори вазорат ба талаботи давр мувофиқ нест. Ҳамасола миёни вазоратҳои кишоварзӣ ва мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ мувофиқа ҳосил намешавад, ки ин боиси бисёр вақт талаф ёфтани ҳосиили кишти кишоварзони ҷумҳурӣ мегардад. Соли ҷорӣ дар бисёр ноҳияҳои вилояти Хатлон барои кишти такрорӣ об дода нашуд, ки ин боиси норозигии мардуми ин вилояти калонтарини пахтакору чорводор, зироаткору сабзавоткор гардид. Метавон барои мисол 104 хоҷагии ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархорро мисол овард, ки аз 15 – уми августи соли ҷорӣ на барои пахта ва на барои кишти такрорӣ бо об таъмин нашудаанд. Ҳазорҳо гектар кишти такрорӣ, ки асоси даромади иловагӣ маҳсуб меёбад сӯхта нобуд гардид. Таърихи беш аз 70 – солаи шӯравӣ нишон дод, ки ин ду вазорат бе муттаҳид будан ба як вазорати мукаммал наметавонад пешрав бошад,- иброз дошт ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ доктори илмҳои кишоварзӣ Толиб Бухориев ба мухбири АМИТ «Ховар». Алҳол таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон нишон медиҳад, ки муттаҳид сохтани ин ду сохтор ба як вазорат – Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва корхонаҳои истеҳсолӣ аҳамияти бештарро касб кардааст. Муҳокима, пешниҳодот ва назари кормандони ВАО аз ҷониби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ хуб пазируфта шуданд. Конфронс дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






