МУАММОИ ҚУРБИ ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чор рӯз боз паст рафтани қурби доллари амрикоӣ, аз нав миёни бонкирҳоиин кишвар мавриди баҳс қарор ёфт. Дар арсаи ҷаҳонӣ оид ба тағйири доллар бо асъори нави қурби бештардошта беш аз як сол баҳсҳо давом доранд. Ин мазмуни онро дорад, ки доллар арзиши худро, ки дар давоми беш аз 60 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ ҳукумфармоӣ дошт, аз даст додааст. -Давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта чун Хитой,Русия, Бразилия, Ҳиндустон аз узви «бакс» -и амрикоӣ будан хаста шудаанд ва мехоҳанд доллари аз по афтодаро бо асъори қурби баландтар- дошта иваз намоянд,- иброз доштааст Франк Ахренс дар рӯзномаи «Вошенгтон Пост». Боиси тазаккур аст, ки дар давоми 10 моҳи соли 2009 арзиши доллар нисбат ба рубли русӣ беш аз 2 рубл поён рафт, аммо дар ин муддат ба андозаи 100 сомонӣ боло рафтани арзиши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон барои мардум чун муаммо боқӣ мондааст. Аз он ки ченаки маҳсулоти аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда дар бозорҳои сиёҳи кишвар доллари қурбаш аз даст рафтааст, муаммо боз бештар сарбаста мегардад. Мутахассисони соҳаи бонкӣ бошанд, аз шарҳи он худдорӣ мекунанд ва ё мардуми аз ин савдо бехабарро гӯл мезананд. Хуб мешуд агар ин мавзӯъ аз ҷониби коршиносону мутахассисони бонкӣ ба баҳси матбуотӣ кашида шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






