МУАММОИ ҚУРБИ ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ

Октябрь 15, 2009 09:51

                 Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чор рӯз боз паст рафтани қурби доллари амрикоӣ, аз нав миёни бонкирҳоиин кишвар мавриди баҳс қарор ёфт. Дар арсаи ҷаҳонӣ оид ба тағйири доллар бо асъори нави қурби бештардошта беш аз як сол баҳсҳо давом доранд. Ин мазмуни онро дорад, ки доллар арзиши худро, ки дар давоми беш аз 60 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ ҳукумфармоӣ дошт, аз даст додааст.                -Давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта чун Хитой,Русия, Бразилия, Ҳиндустон аз узви «бакс» -и амрикоӣ будан хаста шудаанд ва мехоҳанд доллари аз по афтодаро бо асъори қурби баландтар- дошта иваз намоянд,- иброз доштааст Франк Ахренс дар рӯзномаи «Вошенгтон Пост».                   Боиси тазаккур аст, ки дар давоми 10 моҳи соли 2009 арзиши доллар нисбат ба рубли русӣ беш аз 2 рубл поён рафт, аммо дар ин муддат ба андозаи 100 сомонӣ боло рафтани арзиши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон барои мардум чун муаммо боқӣ мондааст.                 Аз он ки ченаки маҳсулоти аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда дар бозорҳои сиёҳи кишвар доллари қурбаш аз даст рафтааст, муаммо боз бештар сарбаста мегардад.                 Мутахассисони соҳаи бонкӣ бошанд, аз шарҳи он худдорӣ мекунанд ва ё мардуми аз ин савдо бехабарро гӯл мезананд.                 Хуб мешуд агар ин мавзӯъ аз ҷониби коршиносону мутахассисони бонкӣ ба баҳси матбуотӣ кашида шавад.  

Октябрь 15, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд