МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ИШТИРОКЧИЁНИ СИМПОУЗИМ

Октябрь 6, 2009 08:05

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯз ҳамчунин намояндагони воломақоми Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт.                Дар мулоқот бо намояндаи воломақоми Арабистони Саудӣ- Дабири кулли созмони байналмилалии ҳифзи Қуръон Абдулло Басфар масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.                  Абдулло Басфар аз баргузории симпозиуми имрӯза ва нақши Тоҷикистон дар бузургдошти шоистаи Имоми Аъзам арзи хушнудӣ намуда, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон салому паём ва қадрдонии подшоҳи Арабистони Саудиро расонд.                  Ӯ таъкид дошт, ки симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам майдони хубе шуд, барои муаррифии таълимоти таҳаммулпазирӣ ва дини тарғибгари дӯстию ҳамкорӣ ва гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо будани Ислом.                  Абдулло Басфар иттилоъ дод, ки дар ин сафар ӯро як гурӯҳ соҳибкорону бозаргонони кишвараш низ ҳамроҳӣ мекунанд ва изҳори боварӣ намуд, ки ин симпозиум ҳамчунин оғози хубе мешавад барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ.                 Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе бояд сафорати Арабистони Саудӣ ва як маркази ҳифзи Қуръон кушода шаванд.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари идораи мусулмонони Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз шайхуислом Аллоҳшукур Пошшозода зимни мулоқоти худ аз дӯстию шиносоии беш аз 18 — солаашон ёдовар шуда, сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом доданд.                 Зимни ёдоварӣ аз хидматҳо ва таълимоти Имоми Аъзам таъкид гардид, ки Абӯҳанифа муштаракоти муҳими мазҳабҳои суннию шииро дарёфт намуда, тавонист, ки пайванди миёни онҳоро таъмин созад.                 Шайхуислом Аллоҳшукур Пошшозода ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини ваҳдати миллӣ ва тарғиби гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «Ман мушоҳида мекунам, ки Шумо бо халқ астед ва халқ бо Шумо аст ва ман бори нахуст мебинам, ки роҳбари давлат бо чунин самимияти қалбӣ аз манфиати мардуми худ ва мусулмонони ҷаҳон пуштибонӣ намояд».                Дар сӯҳбат бо Имом- хатиби вилояти шимолии Қазоқистон Яҳёхоҷа Исмоилов, ки як нафар тоҷики соҳибнуфузи ин кишвар аст, масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳифзи манфиатҳои тоҷикони муқими ин давлат баррасӣ шуд.                 Яҳёхоҷа Исмоилов иттилоъ дод, ки тадбирҳои сершумори фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба бузургдошти Имоми Аъзам ва ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар миёни мардуми Қазоқистон, ба хусус дар воситаҳои ахбори ин кишвар мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифтаанд.                 Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар чаҳорчӯби Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон як мадраса ба номи ин фақеҳу донишманди камназири олами Ислом кушода шудааст. Ҳамин гуна мулоқоти ошкору самимии дигар ҳамчунин миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муфтии мусулмонони Ҷумҳурии Қирғизистон Мураталӣ Жуманов сурат гирифт.                  Симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» пагоҳ кори худро идома мебахшад ва дар назар аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони дигар кишварҳо низ мулоқотҳо анҷом медиҳад.

Октябрь 6, 2009 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд