МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДАР КИШИНЁВ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 9 октябр дар пойтахти Ҷумҳурии Молдавия — шаҳри Кишинёв маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҷлис тақрибан 20 лоиҳаи ҳуҷҷатҳо мавриди муҳокима қарор дода хоҳад шуд. Ин ҳуҷҷатҳо ба рафъи оқибати бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, равнақу ривоҷи ҳамгироии мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи гуманитарӣ, дар соҳаи таъмини амният, беҳтар сохтани мақомоти низомномавии ИДМ ва ғайра марбут мебошанд. Дар маҷлиси сарони давлатҳо инчунин лоиҳаи баъзе ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла Эъломияи дастгирии нашри китоб муҳокима карда мешавад. Инчунин дар маҷлис масъалаи соли ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон кардани соли 2010 дар мамлакатҳои ИДМ мавриди муҳокима қарор дода хоҳад шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






