МУТАССАДИЁН ДАЪВАТШАВАНДАГОНРО АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОЗОД МЕКУНАНД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). – Сардори мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон Каримов Музаффар Боваевич, барои даьват накардан ва дар оянда аз хизмати ҳарбӣ пурра озод намудани шаҳраванд «С», ки айни ҳол ҳамчун даъватшаванда дар қайди комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон мебошад, 300 доллари ИМА пора талаб кардааст. Номбурда 26 августи соли 2009 дар саҳни ҳавлии ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон баъди гарифтани пора ба маблағи 200 доллари ИМА аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дастгир карда шуд. Нисбат ба ин амали Каримов М. бо моддаҳои 32 қ.1 ва 247 қ.2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ, ба суд фиристонида шуд. Нозири мизи ҳарбии ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нуробод Азизов Хайриддин Сироҷович барои даъват накардани шаҳрванд «Н», ба сафи артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1200 доллари ИМА аз падари «Н» пора талаб кардааст. Ҳол он ки шаҳрванд «Н» ҳамчун бемор дар қайди касалиҳои сил буд. Азизов Х.С. бо мақсади ба анҷом расонидани ҷиноят дар маҳаллаи 82 — и ноҳияи Синои ш.Душанбе аз шаҳрванд «Н» ба маблағи 800 доллари ИМА пора гирифтааст. Дар ҳаракатҳои Азизов Х.С. аломати ҷиноятии дар моддаи 319 қ.1 КҶ ҶТ пешбинишуда дида мешавад. Нисбати ӯ тафтишот идома дорад. Ҳамчунин Ҳамроев Назар сардори мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат барои тайёр намудани билети ҳарбӣ ба шаҳрванд «А» аз бародари ӯ бо роҳи тамаъҷӯӣ ба маблағи 200 доллари ИМА пора талаб кардааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар вақти гирифтани 200 доллари ИМА ба сифати пора Ҳамроев Н. рӯзи 8 сентябри соли 2009 аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда шуд. Вобаста ба амали содиркардаи Ҳамроев Н. аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаҳои 32 ва 319 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда баъд аз ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шудааст, — чунин хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






